Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даргузашти Ислом Маҳмадшоев, дабири кулли ФФТ


Ислом Маҳмадшоев.

Ислом Маҳмадшоев.

Ислом Маҳмадшоев, дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) бар асари беморӣ дар сини 36-солагӣ аз дунё даргузашт.

Ислом Маҳмадшоев, дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон имрӯз, 23 июл дар пайи бемории ҷигар дар бемористони ба номи Скилифасовскии шаҳри Маскав аз дунё даргузашт.

Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҳоли ҳозир омодагиҳо барои интиқоли ҷасади Ислом Маҳмадшоев ба ватан идома дорад ва шоми имрӯз аз Фурудгоҳи Домодедово ба Тоҷикистон фиристода мешавад.

Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳам рӯзи 23 июл бо пахши як эъломия даргузашти Ислом Маҳмадшоевро барои футболи тоҷик бохти бузург хонд ва ба наздикони пайвандони ӯ ҳамдардӣ баён кард.

Ислом Маҳмадшоев дар таърихи якуми майи соли 1980 дар ноҳияи Фархор таваллуд шудааст. Солҳои 1997-1999 дар сафҳои артиши миллӣ хизмат намуда, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро хатм кардааст.

Ӯ аз соли 2004 ба ин тараф дар Федератсияи футболи Тоҷикистон фаъолият мекард. Фаъолияти худро дар бахши равобити байналмилалӣ оғоз кард ва дар соли 2009 ёвари дабири кулли ФФТ, ва ҳамин тавр дар соли 2012 сардори шӯъбаи байналмилалии Федератсияи футболи Тоҷикистонро интихоб шуд.

Ислом Маҳмадшоев аз моҳи июли соли 2013 ба ин тараф дар мақоми дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон ифои вазифа мекард. Вай дар ин вазифа Фирдавс Файзуллоевро, ки муддати якуним сол дабири кулли ФФТ буд, иваз намуда буд.

Ислом Маҳмадшоев аз худ се духтар ва як писар ба ёдгор гузошт.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG