Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрвандони Узбакистон дар Русия дар ҷои аввал


Бештари хориҷиёнеро, ки дар Русия ба сар мебаранд, шаҳрвандони Узбакистону Украина ва Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Дар ин бора Константин Ромодановский-раиси Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия дар нишсти хабарӣ дар Маскав ба рӯзноманигорон гузориш дод.

Вай гуфт, бештар аз ҳама шаҳрвандони Узбакистон ҳастанд, ки 21 дарсадро ташкил медиҳанд ва шумораи онҳо 2 миллиону 145 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Украинҳо 1миллиону 601 ҳазор нафар мебошанд. Ба ин шумора фирориёни шарқи Украина дохил намешаванд. Сипас дар ин феҳрист шаҳрвандони Тоҷикистону Қазоқистон, Озарбойҷону Чин, Олмону Амрико ва Британия меоянд.

Дар ин бора матбуоти Русия хабар додааст.

XS
SM
MD
LG