Пайвандҳои дастрасӣ

3 мақоми амрикоӣ аз созиши ҳастаӣ гузориш медиҳанд


Се мақоми баландпояи давлати Амрико бояд дар бораи созишномаи ҳастаии шаш қудрати ҷаҳонӣ бо Эрон дар назди сенаторҳои амрикоӣ гузориш диҳанд.

Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷа, Эрнест Мониз-вазири энержӣ ва Ҷэк Лию-вазири молӣ ба суолҳои аъзои Кумитаи равобити хориҷаи Сенат дар бораи созишнома 23 июл ҷавоб хоҳанд дод.

Интизор меравад, ки моҳи сентябр ин созишнома дар Когресс ба райдиҳӣ гузошта шавад.

Бар асоси ин созишнома, ки 14 июл ба имзо расид, дар ивази маҳдудияти барномаҳои ҳастаии Эрон таҳримҳои зидди ин кишвар тадриҷан аз миён бардошта мешавад.

Дар Конгресс бими он меравад, ки Эрон бозрасони ҳастаиро нодида мегирад ва миллиардҳо доллар пули баргашта аз коҳиши таҳримҳоро барои ноором сохтани Ховари Миёна ба кор мебарад.

XS
SM
MD
LG