Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ба ширкати мобайлии “Билайн” дастур додааст, ки таруфаи “Ҳама ҷо” ё Любой ҷо”-ро барҳам бидиҳад. Як масъули Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон рӯзи 23 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба ширкати “Билайн” дастур дода шудааст, ки таруфаи “Ҳама ҷо”-ро барҳам бидиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, ин таруфа нархҳои ниҳоят паст пешниҳод карда шудааст, ки мухолифи қонунгузории зиддиинҳисории Тоҷикистон мебошад.

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар ҳоле дастури барҳам додани тарофи "Любой ҷо"-ро содир кардааст, ки аз ин қабл номгузорӣ шудани ин таруфаи ширкати мобилии Билайн боиси баҳси доғ миёни Кумитаи забону истилоҳот ва ин ширкат шуда буд. Кумитаи забон гуфта буд, бояд ба ҷои “любой ҷо” “самти дилхоҳ” ё “ҳама ҷо” истифода мешуд ва ин номгузорӣ бо қонуни забони давлатӣ муғойират дорад.

Ибораи “Любой ҷо” пеш аз он, ки номи яке аз таъруфаҳои Билайн шавад, дар пеши аксар мусофиркашон ва таксиҳои шаҳри Душанбе насб мешуд. Яъне, ин мусофирбар ва таксиҳо одамонро ба ҳар куҷое, ки мехостанд бар ивази пардохти пул мерасонданд. Баъзе аз ронандаҳо мегӯянд, ин ибора тамоми хости онҳоро рӯшан баён мекунад ва сокинон ҳам дар фаҳмидани он азият намекашанд. Дар забони гуфтугӯии сокинони Тоҷикистон истифодаи якҷояи калимаҳои русӣ ва тоҷикӣ, мисли “Любой ҷо” зиёд вомехӯрад.

XS
SM
MD
LG