Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

USAID имтиёзҳояшро дар Қирғизистон аз даст медиҳад


Қирғизистон мегӯяд, ки Ожонсии Амрико барои рушди байналмиллалӣ ё USAID имтиёзҳои худро дар ин кишвар аз даст медиҳад.

Бишкек ҳамин ҳафта қарордоди ҳамкории соли 1993 бо Амрикоро қатъ кард. Эътирози Бишкек ин буд, ки Амрико ба як фаъоли зиндонии ҳуқуқи башари қирғиз ҷоизаи муътабари ҳуқуқи башарро тақдим кард.

Эмил Кайкиев-муовини вазири корҳои хориҷаи Қирғизистон 22 июл гуфт, ки USAID дар пардохти андох ва боҷи гумрукӣ имтиёзҳои худро дар Қирғизистон аз даст медиҳад. Гузашта аз ин, амрикоиҳое, ки дар барномаҳои имдодӣ кор мекунанд, аз масъунияти дипломатӣ маҳрум хоҳанд шуд.

17 июл вазорати корҳои хориҷаи Қирғизистон бар зидди тасмими Амрико барои додани ҷоизаи ҳомии ҳуқуқи башар барои соли 2014 ба Азимҷон Аскаров эътироз кард. Вай дар яке аз зиндонҳои Бишкек ба сар мебарад ва вайро барои таҳдид ба сулҳу оромӣ дар ҷомеа ба ҳасбси абад маҳкум кардаанд.

Аскаров узбактабор аст ва баъд аз муноқишаҳои қавмии байни қирғизтаборону узбактаборон дар соли 2010 дар ҷануби Қирғизистон гунаҳгор эълон шуд. Дар ин муноқишаҳо аз ду ҷониб бештар аз 400 нафар кушта шуд.

XS
SM
MD
LG