Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сироҷиддин Аслов ба Чин рафт


Вазири хориҷаи Тоҷикистон Сироҷидин Аслов
Вазири хориҷаи Тоҷикистон Сироҷидин Аслов

Вазири хориҷаи Тоҷикистон Сироҷидин Аслов рӯзи 22 июл бо як сафари расмӣ ба Чин рафт. Зимни ин сафар, ки то 25 июл давом хоҳад кард, бино ба гузориши сомонаи расмии вазорати хориҷаи Тоҷикистон, «вохӯриҳои С.Аслов бо роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Хитой, узви Шӯрои давлатии Хитой Ян Чзечи ва бо роҳбарияти Кумитаи давлатии рушд ва ислоҳотии Чин дар назар аст.» Ҳамчунин қарор аст, вазири тоҷик дар баробари доираҳои илмӣ ва коршиносони Академияи илмҳои иҷтимоии Чин суханронӣ карда, ба хабарнигорони маҳаллӣ мусоҳиба бидиҳад.

Чин дар солҳои охир ба яке аз сармоягузорони асосии ҳукумати Тоҷикистон табдил ёфта, бар иловаи қариб 1 миллиард доллар қарзи ҷамъшудааш дар 3 соли оянда ба Душанбе ваъдаи боз 6 миллиард доллар сармояи дигар додааст.

XS
SM
MD
LG