Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

952 170 муҳоҷири тоҷик дар Русия


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар нимаи аввали соли равон ба Русия 10,6 миллион муҳоҷири хориҷӣ омадаанд. Шумори муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Русия дар нимаи аввали сол 992 170 нафар ҳисоб шуда, муҳоҷирони тоҷик дар “сабқат”-и муҳоҷирон дар Русия дар ҷои сеюм будаанд. Констатин Ромодановский, раиси ФМС – Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия – рӯзи 22 июл дар як нишасти хабарӣ дар Маскав гуфт, бештар аз ҳама – 2 миллиону 145 ҳазору 260 муҳоҷир – аз Узбакистон ба Русия омадаанд. Шумори муҳоҷирон аз Украина, бино ба омори ФМС, 1,6 миллион нафар будааст. Дар 6 моҳи аввали соли 2014 аз Қазоқистон 709 ҳазор, аз Озарбойҷон 553 ҳазор, аз Молдова 544 ҳазор, аз Арманистон 534 ҳазор ва аз Қирғизистон 521 ҳазор нафар барои кору зиндагӣ вориди Русия шудаанд.

XS
SM
MD
LG