Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ду афсари пулиси Туркия дар як ҳамла


Ҳамлаи интиҳории 20 июл дар Суруч
Ҳамлаи интиҳории 20 июл дар Суруч

Волии Санлиурфа, вилояте дар марзи Туркия бо Сурия гуфтааст, дар як ҳамла дар шаҳри Ҷайлонпинар дар ҷанубушарқи Туркия ду афсари кулис кушта шудаанд. Телевизиони Туркия аз қавли волӣ Иззатдин Кучук гуфт, ҳанӯз маълум нест, ки оё ҳамлаи рӯзи 22 июл “рабте ба террористон” дорад ё хайр. Ин ҳамла ду рӯз баъд аз ҳамлаи маргталабона дар шаҳри умдатан круднишини Суруч дар ҳамин вилояти Санлиурфа аст, ки мунҷар ба ҳалокати 32 нафар шуд.

Сарвазири Туркия Аҳмад Довудуғлу гуфт, ба эҳтимоли ғолиб ҳамлаи 20 июлро маргталаби марбут ба гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ”, ки дар Сурия бо нирӯҳои курд меҷангад, анҷом додааст. Довудуғлу ҳамчунин гуфт, дар ҷаласаи рӯзи 22 июли ҳукумат мавзӯи тадбирҳои изофии амниятӣ дар марзи Туркия бо Сурия баррасӣ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG