Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири адлияи Тоҷикистон мегӯяд, то кунун фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бе камбуд набуда, ҳар сол як огоҳнома дарёфт мекардааст. Рустами Шоҳмурод, ки 22 июл дар нишасти хабарӣ сӯҳбат мекард, гуфт, ҳоло онҳо фаъолияти ҲНИТ-ро мавриди таҳқиқ қарор додаанд. Оқои Шоҳмурод афзуд, ҳадафи онҳо дар чорчӯби қонун фаъолияти доштани ҳизбҳои сиёсист, на бештар аз он. Ду ҳафта пеш Вазорати адлия бо нашри як изҳорот баъзе “камбуд”-ҳои ҲНИТ-ро баршумурда, аз муроҷиати ин ҳизб ба Созмони Милали Муттаҳид ва кишварҳои кафили сулҳ дар мавриди он ки бандҳои Созишномаи сулҳи тоҷикон иҷро намешавад, эътироз карда буд. Ҳизби наҳзати исломӣ мегӯяд, тайи моҳҳои охир таҳти фишор қарор гирифта, аъзояш мавриди таъқиб қарор доранд.

XS
SM
MD
LG