Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ветеран"-и Ал-Қоида кушта шуд


Мӯҳсин ал-Фазлӣ
Мӯҳсин ал-Фазлӣ

Як омили собиқадори шабакаи террористии Ал-Қоида, ки аз пойгоҳе дар Сурия ҳамлаҳои терористӣ алайҳи Ғарбро таҳия мекард, ду ҳафта пеш дар ҳамлаи ҳавоии Амрико кушта шудааст. Пентагон - вазорати дифои Амрико рӯзи 21 июл хабар дод, ки Мӯҳсин ал-Фазлӣ, ки дар байни террористҳои таҳти таъқиби аз ҳама шадиди дунё қарор дошт, рӯзи 8 июл вақте ҳадафи ҳамла қарор гирифт, ки дар наздикии Сармада, дар ғарби шаҳри Ҳалаб бо мошин ҳаракат мекард. Фазлӣ дар ҳамлаи моҳи октябри соли 2002 алайҳи нирӯҳои баҳрии Амрико дар ҷазираи Файлакаи Кувайт ва ҳам дар ҳамла ба киштии фаронсавии “MV Limburg” даст дошт. Сухангӯи Пентагон Ҷефф Девис гуфт, “ӯ раҳбари шабакаи омилони ветерани Ал-Қоида буд, ки онро баъзан гурӯҳи “Хуросон” ҳам ном мебаранд. Ӯ ҳамлаҳо дар хориҷ алайҳи Амрико ва ёрону шарикони моро таҳия мекард.” Капитан Девис афзуд, “марги вай амалиётҳои кунунии Ал-Қоидаро ночизу хароб хоҳад кард.”

Хуросон исми умумии минтақаест, ки Афғонистону Покистон, маҳалли паноҳгоҳи эҳтимолии шӯрои асосии Ал-Қоида ҷойгир шудаанд. Ҷангиёни Ал-Қоида баъди оғози ҷанги Сурия ба ин кишвари Ховари Миёна рафта, бовар меравад, ки ба шарики маҳаллии ин шабака – созмони тундрави Ҷабҳат-ун-Нусра – кӯмак мекунанд. Мақомоти Амрико гурӯҳи “Хуросон”-ро яке аз хатарноктарин гурӯҳҳое мешиносанд, ки аз ҳузури худ ба Сурия мехоҳанд барои ташкили ҳамлаҳо ба Амрико ва аҳдофи дигар дар Ғарб, аз ҷумла ҳамла ба ҳавопаймоҳо истифода баранд.

XS
SM
MD
LG