Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси ИМА ва ёронаш барои ёрӣ ба Тоҷикистон


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва шариконаш мавзӯи расондани кумаки фаврӣ ба осебдидагони ҳодисаҳои табиӣ дар Тоҷикистонро ба баррасӣ гирифтааст. Дафтари матбуоти сафорати Амрико дар Душанбе 22 июл ба Озодӣ гуфт, “тасаллияту ҳамдардии худро дар робита ба паёмадҳои офати табиӣ ба сокинони осебдида дар водии Рашт ва Бадахшони Кӯҳӣ мерасонем.” Ба таъкиди манбаъ, сафорати Иёлоти Муттаҳида барои ироаи кумак ба зарардидагони офати табиӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамкорӣ дорад “ва умед аст, ки дар ояндаи наздик кумаки худро барои Тоҷикистон ироа кунад”. Талоши Амрико барои кумак ба осебдидагони офати табиӣ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки дар пайи селу обхезиҳои чанд рӯзи охир 7 нафар кушта ва 5 тани дигар бе ному нишон гаштаанд.Ҳамчунин, ба иқтисоди Тоҷикистон дар пайи офатҳои табии чанд рӯзи ахир ҳудуди 100 миллион доллар хисорот ворид шудааст. Ҳукумати Тоҷикистон барои рафъи оқибатҳои сели харобиовар дар минтақаҳои ҷумҳурӣ аз кишвар ва созмонҳои хориҷӣ ёрӣ хостааст.

XS
SM
MD
LG