Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

БМ: Ба Тоҷикистон 52 миллиард рубл ворид шуд


Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон гуфт, дар нимаи аввали соли равон тавассути бонкҳо аз шаҳрвандони кишвар, ки дар хориҷа кор мекунанд, як миллиарду 162 миллион доллар ворид шудааст. Дар нишасти хабарии рӯзи 21 июл ӯ ишора кард, ки ба Тоҷикистон назар ба ҳамин давраи соли гузашта 32 дар сад камтар маблағ расидааст.

Ба гуфтаи раиси Бонки миллии Тоҷикистон, бисёр ниҳодҳои молиявии байнулмилалӣ тахмин зада буданд, ки ҳаҷми маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон 40-45 дар сад коҳиш меёбад. Аммо бино ба пешгӯии мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон, коҳиши интиқоли маблағҳо на бештар аз 27 дар сад хоҳад буд.

Як сабаби коҳиши интиқоли маблағ ба Тоҷикистон – пойин рафтани қурби рубли русӣ аст. Ба гуфтаи Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия ба кишвар асосан рубл мефиристанд. Дар нимаи аввали соли равон ба Тоҷикистон 52 миллиард рубл ворид шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 5 миллиард рубл бештар аст.

XS
SM
MD
LG