Пайвандҳои дастрасӣ

"Бигӯ-магӯ"-и додситон ва Зайд Саидов дар додгоҳ


Зайд Саидов

Зайд Саидов

Зайд Саидов, соҳибкор ва раҳбари зиндонии Ҳизби сабтиномнашудаи Тоҷикистони нав, ҳангоми ироаи сухани охиринаш дар додгоҳ аз додрас хостааст, ки ба парвандаи ӯ аз рӯи адолат ва инсоф бархӯрд кунад. Ин мурофиаи Саидов паси дарҳои баста сурат мегирад. Вакили мудофеъ Исҳоқ Табаров 21 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, нафари таҳти ҳимояташ тамоми иттиҳомотро беасос дониста ва гуфтааст, ки барои исботи бегуноҳии худ далели кофӣ дар даст дорад.

Исҳоқ Табаров афзуд, қарор аст 22 июл ҳукми Зайд Саидов аз сӯи додгоҳ эълон бишавад. Аммо Табаров мегӯяд, баъд аз анҷоми сухани охирини Зайд Саидов ду намояндаи додситонӣ ё айбдоркунандаҳои давлатӣ ба ӯ гуфтаанд, ки "гуноҳи Шумо исботи худро ёфтааст, чаро ба бегуноҳии худ исрор мекунед?"

"Зайд Саидов дар посух ҳар моддаи Кодекси ҷиноиеро, ки бар асоси он айбдор дониста мешавад, шарҳ дод ва банд ба банд бегуноҳияшро нишон дод. Вале айбдоркунандагони давлатӣ ҳамчунон дар мавқеи пешини худ меистоданд," -- афзуд Исҳоқ Табаров.

Зайд Саидов, ки моҳи декабри соли 2013 ба 26 соли зиндон маҳкум шуда буд, аз рӯи парвандаи дуюмаш дар сохтакории ҳуҷҷат, суистифода аз ваколатҳои мансабӣ, тасарруфи маблағҳои давлатӣ ва саркашӣ аз андоз муттаҳам мешавад. Айбдоркунандаи давлатӣ дар суханронии ахири худ дар оғози моҳи июл гуфт, ки дар мурофиа кулли гуноҳҳои Саидов исботи худро ёфтааст ва аз додрас тақозо кард, ки нисбат ба ин соҳибкори зиндонӣ 25 соли ҳабс ва 34 миллион сомонӣ ҷарима ҳукм кунад. Парвандаи Зайд Саидов аз тарафи раёсати тафтишотии Оҷонсии зиддифасод ба додгоҳ ирсол шудааст.

XS
SM
MD
LG