Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати як мардикори тоҷик дар Сургут


Як муҳоҷири 45-солаи тоҷик тоҷик субҳи 21 июл дар яке аз сохтмонҳои шаҳри Сургут, воқеъ дар 1088-километрии шарқи Маскав, пойтахти Русия, ҳалок шудааст. Мирзоназар Каримов ягон 3-4 моҳ пеш барои кор ба Сургут омада буд ва ахиран дар сохтмони як бинои дуқабата кор мекард. Ҳангоми кор як плитаи бетонӣ аз қабати дувум ба рӯи ин мардикори тоҷик афтидааст. Мирзоназар Каримов зери плита монда, дар ҷои ҳодиса ҷон бохтааст.

Ҳар сол дар Русия беш аз 1000 муҳоҷирони кории тоҷик ба иллатҳои мухталиф вафот мекунанд. Фалокатҳо дар ҷои кор яке аз иллатҳои умдаи марги мардикорони тоҷик дар ғурбат ном бурда мешавад.

XS
SM
MD
LG