Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юани Чин ба ҷойи доллар дар Тоҷикистон?


Ҷамшед Нурмуҳаммадзода (дар байн аз тарафи чап) бо ҳайати Чин
Ҷамшед Нурмуҳаммадзода (дар байн аз тарафи чап) бо ҳайати Чин

Бонки миллии Тоҷикистон талош дорад, то пули миллии сомониро аз зери фишори доллар раҳо кунад. Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, 21 июл дар нишасти хабарӣ гуфт, ҳоло бо се бонки Чин – Бонки рушди Чин, Бонки мардумии Чин ва Бонки кишоварзии Чин барои ҷалби қарзҳои имтиёзнок ба Тоҷикистон кӯшиш доранд.

Вай афзуд, дар нақша аст аз Бонки рушди Чин 1 миллиард юан муодили 500 миллион доллар ҷалб карда шавад. Нурммуҳаммадзода гуфт, ин қарз дар сурати ҷалб шуданаш бидуни кафолати ҳукумат сурат мегирад ва дар ин ҳолат қарзи хориҷии давлат зиёд нахоҳад шуд.

"Ин танҳо додугирифт миёни ду бонк дар Чину Тоҷикистон хоҳад буд," -- мегӯяд Нурмуҳаммадзҳода. Ба таъкиди ӯ, бештари савдои хориҷии Тоҷикистон бо Чин рост меояд ва бо ҷалби ин маблағҳо ва ҷорӣ кардани амалиёти "своп" (додугирифти асъорӣ байни бонкҳо барои муддати муайян) тоҷирон имкон хоҳанд ёфт, сомониро бевосита ба юан иваз намоянд.

XS
SM
MD
LG