Пайвандҳои дастрасӣ

Туркия изҳор намуд, баъд аз ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Суруҷ, ки бар асари он дасти кам 30 нафар кушта ва беш аз 100 кас маҷрӯҳ шуданд, чораҳои амниятӣ дар марзҳояш бо Сурияро тақвият мебахшад.

Таркиш дар маркази фарҳангии шаҳри Суруҷ, воқеъ дар 10 километрии шаҳри Кубонии Сурия рӯзи 20 июл дар ҳоле рӯй дод, ки он ҷо тақрибан 300 узви Федератсияи ҷавонони сотсиалисти Туркия пеш аз сафар ба Кубонӣ ва кӯмак барои барқарорсозии ин шаҳр ҷамъ омада буданд.

Вазорати умури дохилии Туркия бо нашри як баёнияи расмӣ, таркишро “ҳамлаи террористӣ” номид ва ду мақоми Туркия ба хабаргузории Ройтерс ангушти иттиҳом сӯи гурӯҳи “Давлати исломӣ” карданд.

Нахуствазири Туркия Аҳмад Довудоғлу ҳам рӯзи 21 июл дар ин
ҳамла ситезаҷӯёни “Давдати исломӣ”-ро муттаҳам намуд ва гуфт, ки Анкара барои мубориза бо ин гурӯҳ аз ҳам чораҳои зарурӣ кор мегирад.

Нахуствазир афзуд, ки “чораҳо барои амният дар марзҳо бо Сурия тақвият дода мешаванд”.

Дар ҳамин ҳол полиси шаҳри Истамбул ба хотири пароканда кардани эътирозгарони курд, ки дар ҳамла ба маркази фарҳангии Суруҷ ҳукумати Туркияро айбдор мекунанд, аз гази ашковар, мошинҳои обпош ва тирҳои резинӣ истифода бурд.

XS
SM
MD
LG