Пайвандҳои дастрасӣ

Кореяи Шимолӣ музокироти ҳастаиро намехоҳад


Ду реактори ҳастаии Кореяи Шимолӣ дар Волсеонг

Ду реактори ҳастаии Кореяи Шимолӣ дар Волсеонг

Кореяи Шимолӣ ба баргузории музокироти ҳастаӣ бо кишварҳои абарқудрат - гуфтушуниде чун музокироти ҳастаӣ бо Эрон ҳавасманд нест. Дар ин бора вазорати умури хориҷии Ҷумҳурии Халқӣ-демократии Корея рӯзи 21 июл изҳорот нашр кард.

Дар изҳорот гуфта шудааст, ки нерӯи ҳастаии кишвар “василаи ногузири муқовимат бо сиёсати хориҷии ИМА дар баробари Пхенян аст”. “Кореяи Шимолӣ давлати ҳастаист ва чун давлати ҳастаӣ манфиатҳои худро думбол мекунад”, омадааст дар гузориши вазорати умури хориҷӣ.

Ҳайатҳои Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ (ИМА, Бритониё, Фаронса, Русия, Чин ва Олмон) рӯзи 14 июл дар музокирот дар шаҳри Вена, пойтахти Австрия оид ба барномаҳои ҳастаии Эрон ба тавофуқ расиданд. Бар пояи ин созиш, Эрон ба ивази лағви таҳримҳои байнулмилалӣ барномаи ҳастаии худро коҳиш медиҳад.

Алайҳи Кореяи Шимолӣ ҳам аз сӯи СММ, Иттиҳодияи Аврупо ва ИМА ба хотири барномаи ҳастаияш таҳримҳо ҷорӣ карда шудаанд.

XS
SM
MD
LG