Пайвандҳои дастрасӣ

Маоши якмоҳаи Убайдуллоев ва аъзои ММ ба зарардидагони сел


Маҳмадсаид Убайдуллоев

Маҳмадсаид Убайдуллоев

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе, аз аъзои палатаи болоии парлумон хостааст, маоши якмоҳа ё ниммоҳаи худро ба зарардидагони сел дар навоҳии кишвар бидиҳанд, ки ахиран даҳҳо манзилро вайрон карда ва ҷони ҳафт танро гирифт. Оқои Убайдуллоев ин масъаларо 21 июл дар ҷаласаи Маҷлиси Миллӣ дар миён гузоштааст. Ба гузориши хабаргузории "Озодагон", вай чунин корро хайрхоҳона номида ва гуфтааст, онҳое, ки имкон доранд, метавонанд ёрии бештар бирасонанд. Дар посух ба ин пешниҳоди Маҳмадсаид Убайдлулоев аъзои палатаи болоии парлумони Тоҷикистон гуфтаанд, ки маоши якмоҳаашонро ба осебдидагон хоҳанд дод. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, зиёни то ин дам расида аз сел ба беш аз 50 миллион доллар мерасад ва сафорати Амрико дар Душанбе низ 21 июл гуфт, ки дар фикри кумак ба осебдидагон аст ва дар ин замина бо созмонҳо машварат дорад.

XS
SM
MD
LG