Пайвандҳои дастрасӣ

Таркиши маргбор дар Суруҷи Туркия


Мардуми атроф баъди таркиш ба кӯмаки осебдидагони таркиш дар Суруҷ шитофтанд.

Мардуми атроф баъди таркиш ба кӯмаки осебдидагони таркиш дар Суруҷ шитофтанд.

Дар натиҷаи таркиш дар як маркази фарҳангӣ дар шаҳри Суруҷ, дар наздикии марз бо Сурия камаш 28 нафар кушта шудаанд. Вазорати умури дохилии Туркия гуфт, дар ин таркиш, ки рӯзи 20-уми июл тақрибан 100 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд ва дар шифохонаҳои маҳаллӣ муолиҷа мегиранд. Маркази фарҳангии мазкур дар 10 километрии шаҳри Кубонии Сурия воқеъ шудааст. Вазорати умури дохилии Туркия бо нашри як баёнияи расмӣ, таркишро “ҳамлаи террористӣ” номид ва ду мақоми Туркия ба хабаргузории Ройтерс гуфтаанд, ки аломатҳо далели он аст, ки таркиш кори дасти гурӯҳи “Давлати исломӣ” аст. Бар асоси гузоришҳо, 300 нафар аз аъзои Федератсияи ҷавонони сотсиалисти Туркия пеш аз сафар ба Кубонӣ ва кумак барои барқарорсозии шаҳр дар марказии фарҳангии Суруҷ ҷамъ омада буданд. Шаҳри Кубонӣ, ки аз дасти ҷангҷӯёни гурӯҳи Давлати исломӣ озод шуд, ба рамзи муқовимати размандагони курд алайҳи ин гурӯҳи ифротӣ табдил шудааст.

XS
SM
MD
LG