Пайвандҳои дастрасӣ

Фардо, 21 июл, иҷлосияи навбатии Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии порлумони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Дафтари матбуоти Маҷлиси Милии Тоҷикистон зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “ин дуввумин иҷлосияи палатаи болоии порлумон аст, ки аз замони баргузории интихоби вакилони Маҷлиси Миллӣ ва интихоби аъзои он сурат мегирад.”

Иҷлосияи якуми Маҷлиси Миллӣ, ба таърихи 17 апрели соли ҷорӣ баргузор гардид, ки дар канори интихоби раису муовинони раиси Маҷлис, ҳамчунин ҳайати нави кумитаҳои палатаи болоии порлумонро интихоб кард. Инчунин дар нахустин иҷлосияи Маҷлиси Миллӣ, пешниҳоди раиси ҷумҳур дар бораи номзадиии Шермуҳаммади Шоҳиён ба мақоми раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон, Абдулҳафиз Ашӯрзода, муовини якуми раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон ва Карим Каримзода ба унвони муовини раиси Суди конститутсионии Тоҷикистон ва фармонҳои раиси ҷумҳур дар бораи таъини Қосими Раҳбар, ба мақоми раиси Кумитаи рушди маҳал, Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёт, Маҳмадтоҳир Зокиров, вазири кишоварзии Тоҷикистон тасдиқ шуданд.

Ба иттиллои манбаъ, дар иҷлосияи дуввуми Маҷлиси Миллӣ, қонунҳои қабулшуда дар Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумон баррасӣ ва тасдиқ хоҳанд шуд. Зимнан, Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии порлумони Тоҷикистон аз 34 нафар иборат аст. 25 нафари он дар пайи баргузории интихобот бо ширкати вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ интихоб шуда, 8 нафари дигар бо фармони раиси ҷумҳур таъин гардида ва ҳамчунин президенти собиқ узви якумрии Маҷлиси Миллӣ аст.

XS
SM
MD
LG