Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сел шаби гузашта маҷрои Ғундро баст


Мақомоти маҳаллӣ дар вилояти Бадахшон мегӯянд, ки тайи ду шаби гузашта бар асари фаромадани сел маҷрои дарёи Ғунд дар деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон баста шуд, аммо ба сокинон осеб нарасид. Нилуфар Асланшоева, мудири шӯъбаи робита бо ҷомеаи ҳукумати вилояти Бадахшон рӯзи 20 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки шабҳои 19 ва 20 июл сел дар деҳаи Барсеми ҷамоати Сучони ноҳияи Шуғнон дигарбора маҷрои дарёи Ғундро баст. Ба гуфтаи вай, дар пайи он ба касе аз сокинон ва хонаводаҳои сокинон хисорот ворид нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки сели харобиовари 16 июл даҳҳо манзили сокинони ҷамоати деҳоти Сучонро пурра ва даҳҳо хонаи дигарро қисман вайрон кард. Дар пайи ин сел бар иловаи манзили сокинон як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, дуним километр роҳи байнулмилалии Душанбе-Мурғоб, 2 километр роҳи мошингарди маҳаллӣ ва 4 километр хатти интиқоли нерӯи барқ хароб шуданд. Бино ба ҳисоби пешакӣ, ҳаҷми хисороти сел дар Шуғнон 19 миллиону 353 ҳазор сомонӣ, муодили тақрибан 3 миллион доллар будааст.

XS
SM
MD
LG