Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созиши атомӣ бо Эрон ба Конгресс расид


Дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Амрико созиши атомӣ бо Эронро барои арзёбӣ ба Конгресс супурдаааст. Вазорати умури хориҷӣ рӯзи 19-уми июл гуфт, созиши ҳастаӣ, ки рӯзи 14-уми июл байни Эрон ва намояндагони Амрикову Чин, Русияву Фаронса ва Бритониёву Олмон дар шаҳри Вена ба имзо расид, ба Конгресс супурда шудааст ва вакилони мардумӣ сар аз рӯзи 20-уми июл барои баррасии созиш 60 рӯз вақт доранд. Рӯзи нашри ин хабар Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, аз вакилони Амрико тақозо кард, ки созишро тасвиб накунанд. Ҳангоми мусоҳиба бо як телевизиони Амрико, Бенямин Нетаняҳу гуфт, “барои қатъи таҷовузи Эрон корҳои зиёде ҳаст, ки метавон анҷом дод, вале созиш яке аз ин корҳо нест.” Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико рӯзи 19-уми июл дар мусоҳиба бо телевизиони Си Эн Эн гуфт, “Агар Конгресс ин созишро нобуд кунад, дар он сурат ҷараёни музокирот бо Эрон ба поён мерасад.” Бар асоси созиш, Эрон бояд дар ивази аз байн бурдани таҳримоти байналмилалии иқтисодӣ бояд фаъолиятҳои атомиашро маҳдуд намояд ва нозирони байналмилалиро ба таъсисоти атомиаш роҳ диҳад.

XS
SM
MD
LG