Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 8 сарбози афғон дар як ҳамлаи ҳавоӣ


Дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои эътилофӣ ба як посгоҳи артиши Афғонистон дасти кам 8 сарбоз кушта шудаанд. Абдул Раззоқ, фармондеҳи нерӯҳои ноҳияи Баракаи Борик дар вилояти Лугар гуфт, дар ин зарбаи ҳавопаймои амрикоӣ дар субҳи рӯзи 20-уми июл ҳамчунин 4 сарбози дигар захм бардоштаанд. Айни замон хабаргузории "Франс Пресс" аз қавли Муҳаммадраҳим Амин, раиси ноҳия навиштааст, ки баъди оташ гирифтани посгоҳи артиш 10 сарбоз дар ҷойи ҳодиса ҷон додаанд. Ба гуфтаи ӯ, эҳтимолан ҳамла дар натиҷаи ҳамоҳангии нодуруст ва иштибоҳан сурат гирифтааст. Дар ноҳияи Бараки Борики Лугар ҷангҷӯёни Толиб фаъоланд. Як мақоми низомии Амрико ба хабаргузории Франс Пресс гуфтааст, ки “аз ҳодисаи субҳи имрӯз бо ширкати нерӯҳои амрико дар вилояти Лугар огаҳ аст.”

XS
SM
MD
LG