Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Лубнон 5 сайёҳи чехро рабуданд


Шаҳрвандони Эстония баъд аз раҳоӣ аз асорат

Шаҳрвандони Эстония баъд аз раҳоӣ аз асорат

Дар Лубнон панҷ сайёҳ аз Ҷумҳурии Чех ва ронандаи онҳо ғайб заданд. Намояндаи вазорати умури хориҷаи Чехия Михаэла Лагронова рӯзи 19 июл дар ин бора хабар дод ва гуфт, ки ба хотири халалдор накардани тафтишот, ному насаби сайёҳои ғайбзада ошкор карда намешавад.

Аз ин пеш расонаҳои Лубнон ва хадамоти амнияти кишвар хабар доданд, ки шояд шаҳрвандони Чехия ва ронанди онҳоро афроди ношинос дар водии Бекъа, воқеъ дар шарқи Лубнон рабуда бошанд. Мошини онҳо дар наздикиҳои шаҳри Кефрай, воқеъ дар шарқи Бейрут ва дар наздикиҳои марзи Сурия ошкор шуд. Кормандони полис гуфтанд, ки дар мошин шиносномаҳо, пул ва таҷҳизоти аккосии сайёҳони ғайбзадаро пайдо карданд. Ҷустуҷӯи сайёҳони чех идома дорад.

Бори аввал нест, ки шаҳрвандони хориҷӣ дар волии Бакъа ғайб мезананд. Ибтидои соли равон дар он ҷо ду сайёҳ аз Лаҳистон рабуда шуданд, аммо полис онҳоро ба зудӣ озод кард. Соли 2011 дар ин мавзеъ афроди ношинос 7 шаҳрванди Эстонияро, ки бо велосипед сайёҳат мекарданд, рабуданд. Эстонҳо чаҳор моҳро дар асорат пушти сар карданд.

XS
SM
MD
LG