Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кэмерон: "Давлати исломӣ"-ро нобуд месозем


Дэвид Кэмерон
Дэвид Кэмерон

Бритониё ва ИМА “хилофат”-и таъсискардаи гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Ироқ ва Сурияро несту нобуд карданианд. Дэвид Кэмерон, нахуствазири Бритониё дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии амрикоии Эн-би-си рӯзи якшанбе дар ин бора хабар дод ва гуфт, ӯ мехоҳад, ки ҳарчӣ бештар нерӯҳои бритониёвӣ ба амалиёт алайҳи гурӯҳи «Давлати исломӣ» ҷалб шаванд, аммо барои ин бояд ризояти парлумонро ба даст оварад.

Ду сол пеш парлумони Бритониё алайҳи ширкати кишвар дар амалиёти низомӣ дар Сурия раъй дода буд. Кэмерон афзуд, ки ҳоло дар ин маврид бо раҳбарони аҳзоби мухолиф вориди машваратҳо шудааст. “Ҳеҷ шубҳа надошта бошед, мо ҳамроҳ бо шумо барои он талош мекунем, ки хилофат дар ҳарду кишвар несту нобуд карда шавад”, изҳор намуд нахуствазири Бритониё.

Охири ҳафтаи гузашта ҳизби кор ва ҳизби либерал-демократӣ хостори ташреҳи парлумон дар робита ба ширкати ҳавопаймоҳои Бритониё дар бомборони мавқеъҳои “Давлати исломӣ” дар қаламрави Сурия шуданд, ҳарчанд, ба гуфтаи онҳо, парлумон ба ширкати низомиёни кишвар фақат дар амалиёти Ироқ иҷоза додааст.

XS
SM
MD
LG