Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамоишҳои мухолифон ва пуштибонҳои ислом дар Сидней


Пулиси шаҳри Сиднеи Австралия панҷ тан аз ширкаткунандагони ҳамоишҳои зиддиисломӣ ва зиддинажодпарастиро боздошт кард.

Тақрибан 100 узви гурӯҳҳои нажодпараст бо парчамҳои давлатӣ ва шиорҳои “Мо ба шариат не мегӯем”, “Муҳоҷират - фил дар хонаи кӯчак!” рӯзи 19 июл дар маркази шаҳр ҷамъ омаданд. Дар рӯ ба рӯи онҳо ҳудуди 250 нафар бо шиорҳои “Нест бод нажодпарастӣ ва исломситезӣ!” истоданд. Садҳо кормандони полис ба шумули масъулони таъмини тартиботи шаҳр ба хотири ҷилавгирӣ аз хушунат миёни ширкаткунандагони ду ҳамоиш мустақар шуданд.

Як рӯз пеш ҳамин гуна намоишҳо дар шаҳри Мелбурн ҳам баргузор шуданд ва аммо ба ҷуз чанд занозании кӯтоҳ хушунате сурат нагирифтааст. Дар Канберра, пойтахти Австралия ва шаҳрҳои ғарбии Перт ва Хобарт ҳам ин гуна намоишҳо сурат гирифтанд ва бидуни хушунат поён ёфтанд.

XS
SM
MD
LG