Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 431 гумонбари терроризм дар Саудӣ


Мақомоти Арабистони Саудӣ мегӯянд, ки 431 нафари гумонбар дар узвият ба гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро боздошт ва аз ҳамлаҳои террористӣ ба масоҷид, нерӯҳои амниятӣ ва як сафоратхона ҷилавгирӣ карданд.

Вазорати корҳои дохилии Арабистони Саудӣ 18 июл хабар дод, ки онҳо як гурӯҳи вобаста ба "Давлати исломӣ"-ро хунсо намуданд. Гурӯҳи "Давлати исломӣ" масъулияти таркиши мошин дар канори постгоҳи бузургтарин маҳбаси Саудиро бар дӯш гирифт. Дар он ҳамла, ки рӯзи 16 июл ба вуқӯъ пайваста буд, ронандаи мошин кушта ва ду корманди нерӯҳои амниятӣ маҷрӯҳ шуданд.

Ба иттилои вазорат аксари боздоштшудаҳо – шаҳрванди Саудиянд. "Аз ҳадди ақалл шаш ҳамлаи маргталабона дар масоҷид ҳар рӯзи ҷумъа ва куштор кормандони амниятӣ ҷилавгирӣ шуд," -- омадааст дар хабари Вазорати корҳои дохилии Арабистони Саудӣ.

Аз ин пеш "Давлати исломӣ" масъулияти ду ҳамлаи террористӣ ба масҷидҳои аҳли шиа дар Арабистони Саудиро ба ӯҳда гирифта буд.

XS
SM
MD
LG