Пайвандҳои дастрасӣ

Барак Обама гуфт, ки бидуни созиши ҳастаӣ бо Эрон ҷаҳон шоҳиди ҷанги нав дар нооромтарин минтақаи олам хоҳад шуд. Оятуллоҳ Хоманаӣ изҳор намуд, ки Эрон ба пуштибонии дӯстонаш дар Яману Сурияву Ироқу Баҳрайн идома хоҳад дод.

Паёми ҳафтаинаи Барак Обама, раисҷумҳури Амрико, ки 18 июл ироа шуд, аслан посух ба мунтақидони созиши ҳастаӣ бо Эрон буд, ки баъд аз муддати тулонӣ оқибат рӯзи 14 июл миёни Теҳрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ - Иёлоти Муттаҳида, Бритониё, Фаронса, Русия, Чин ва Олмон ҳосил гардид. Бар пояи ин созиш, Эрон ба ивази лағви таҳримҳои байнулмилалӣ барномаи ҳастаии худро коҳиш медиҳад.

Ба созиши ҳастаӣ дар дохили Амрико номзадҳо ба мақоми президенти ИМА аз ҳизби ҷумҳурихоҳон ва аъзои ҷумҳурихоҳи Конгресс мухолифанд. Номзадҳо аз ҳизби ҷумҳурихоҳон алакай ваъда доданд, ки дар сурати пирӯзӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ ин созишро лағв мекунанд.

Ҷумҳурихоҳон умедворанд, ки дар раъйдиҳӣ ба ин санад дар Конгресс, ки бояд 60 рӯз баъд аз имзо сурат бигирад, созиши ҳастаӣ раъйи мухолиф хоҳад гирифт. Дар он сурат таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон пойбарҷо хоҳанд монд.

Барак Обама дар паёми ҳафтаинааш гуфт, ки созиши ҳастаӣ Эронро аз бомби ҳастаӣ дуртар мекунад. Ҳамзамон ӯ афзуд, "агар Эрон ин созишро нақз кунад, таҳримҳои мо, ки иқтисоди Эронро хароб карданд, таҳримҳое, ки ба мо барои расидан ба ин созиш кӯмак карданд, дубора ҷорӣ карда хоҳанд шуд".

Оятуллоҳ Хоманеӣ

Оятуллоҳ Хоманеӣ

Паёми Барак Обама тақрибан ҳамзамон бо изҳороти комилан мутафовити Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари Эрон дар робита ба созиши ҳастаӣ нашр шуд. Дар паём ба мардум ба шарафи Иди Фитр рӯзи 18 июл Хоманаӣ гуфт, ки бо вуҷуди имзои созиш сиёсати Теҳрон дар баробари сиёсати мутакаббиронаи Амрико ҳеч тағйир нахоҳад кард ва Эрон аз мухолифини сарсахти ИМА дар Ховари Миёна боқӣ хоҳад монд.

Ба гуфтаи раҳбари Эрон, ин санад тасвиб шавад ё нашавад, Теҳрон аз ҳимояти “дӯстонаш дар минтақа” ва мардуми Фаластин, миллату давлати Сурия ва Ироқ, мардуми Яман, Баҳрайн, аз муҷоҳидони Лубнону Фаластин даст нахоҳад бардошт. Оятуллоҳ Алии Хоманеӣ афзуд, музокироти Вена бо барномаи ҳастаии Эрон ҳеҷ рабте надорад, зеро Эрон дар пайи дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ набуду нест. Мо дар асоси ҳукми Қуръон ва шариати исломӣ тавлиди силоҳи ҳастаӣ ва нигаҳдориву ба кор бурдани онро ҳаром медонем ва ба он иқдом намекунем, гуфт оятуллоҳ Хоманеӣ.

Раҳбари Эрон эълом дошт, ки кишвараш аз ҳеҷ ҷанге истиқбол намекунад, аммо агар ҷанге ин ҷо иттифоқ уфтад, касе, ки «саршикаста аз ҷанг хориҷ хоҳад шуд», Амрико хоҳад буд.

Хоманаӣ, ки ҳаққи ҳарфи ахир дар умури давлатии Эронро дорад, гуфт, ӯ аз сиёсатмадорон хостааст то созишро биомӯзанд ва бубинанд, ки дар он манфиатҳои милли Эрон то куҷо ба назар гирифта шудаанд. Раҳбари Эрон таъкид намуд, ки ӯ ба ҳеҷ ваҷҳ ба поймол шудани арзишҳои инқилоби исломӣ роҳ нахоҳад дод.

Шодиву нишот дар хиёбонҳои Теҳрон

Шодиву нишот дар хиёбонҳои Теҳрон

Зимнан, мардуми Эрон аз ҳосил шудани созиш оид ба барномаи ҳастаӣ хуш истиқбол карданд. Ба иттилои Радиои Фардо, шоми 14 июл мардум баъд аз ифтор ба хиёбонҳо рехтанд ва дар мавҷи ин шодмониҳо шиорҳое ба забон меоварданд ва ба вижа аз Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон, пуштибонӣ мекарданд.

Ҳамзамон дар хиёбонҳо даъватҳо ба хатми ҳабси хонагии се тан аз раҳбарони Ҷунбиши Сабз ҳам ба забон оварда шуд. Баъди интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2009 дар Эрон се раҳбари эътирозгар - Мирҳусейн Мусавӣ, Заҳро Раҳнавард ва Маҳдии Каррубӣ дар боздошти хонагӣ ба сар мебаранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG