Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар Ироқ боиси марги 120 нафар шуд


I
I

Бар асари таркиши мудҳиш дар бозори шаҳри Хон бини Саъд, шаҳри асосан шианишини воқеъ дар шимоли шаҳри Бағдод, шоми 17 июл дасти кам 120 нафар ба ҳалокат расида, 130 каси дигар маҷрӯҳ шудаанд. Мақомоти ироқӣ рӯзи 18 июл хабар доданд, ки миёни қурбониёни таркиш кӯдакон зиёданд.

Таркиши мошини ҳомили маводи тарканда дар ҳоле рӯй дод, ки мардум баъд аз поёни моҳи рамазон Иди Фитрро таҷлил мекарданд.

Масъулияти ҳамларо гурӯҳи “Давлати исломӣ” бар дӯш гирифт. Дар изҳороти ин гурӯҳ гуфта шудааст, ки як аъзояш мошин бо се тонна маводи таркандаро инфиҷор кардааст.

Майори полис Аҳмад ал-Тамимӣ ба хабаргузории Рейтер гуфт, ки бар асари таркиш биноҳои зиёде хароб шуданд.

Издиҳоми аз ин таркиш андӯҳгину ба ғазабомада тирезаҳои мошинҳои хиёбонро шикастанд.

Мақомоти вилояти Диёл таҷлили Иди Фитрро лағв карданд. Дар вилоят ба ёди қурбониён се рӯзи мотам эълон шуд.

XS
SM
MD
LG