Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар пайи боло рафтани оби дарёи Техарв, як шохоби дарёи Панҷ, ки дар ноҳияи Ванҷ ҷорӣ мешавад, беш аз 7 сокини деҳаи Брешери ин ноҳия зиён дидаанд. Амриддин, як сокини деҳаи Брешер, рӯзи 18 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин сел як қисмати нуқтаи сӯзишвориро шуста, бозори марбут ба ҶДДМ "Ғиёсиддин"-ро комилан тахриб кардааст.

"Сел беш аз 20 метр роҳ ва купрӯки мошингузарро шуст ва ҳоло сокинони мавзеи Ванҷи боло дар инзивои иртибототӣ қарор гирифтанд," -- афзуд ӯ.

Сокинони маҳҳалӣ мегӯянд, мақомот барои бартараф кардани оқибатҳои сел ба ҷои ҳодиса як экскаваторро овардаанд, аммо чун сатҳи оби дарё баланд аст, ин таҷҳизот барои барқарор кардани роҳу бехавф гардондани манзили сокинон коре карда наметавонад.

Сели харобиовари рӯди Техарв баъд аз нисфирӯзи 17 июл омада ва пас аз боридани борони кӯтоҳмуддат ва каме сард шудани ҳаво сатҳаш андаке поён фаромадааст. Аммо хавфи сокинон аз ин аст, ки ҳаво дубора гарм шуда метавонад сели аз ин ҳам калон биёяд.

XS
SM
MD
LG