Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду мусофир дар дарёи Фон ғарқ шудаанд


Дар пайи ба дарёи Фон сарозер шудани як мошини тамғаи "Опел-Астра" дар роҳи Майхура-Такфони ноҳияи Айнӣ ду нафар ҳалок ва ду тани дигар бистарӣ шудаанд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ин ҳодиса шаби 16 июл ҳангоми аз кӯҳ афтодани сангпора рух додааст. "Дар натиҷа автомашина аз ҷарии баландиаш 130-метр ба дарёи Фон афтода, худи ронанда ва мусофираш ҷавони 21-солаи сокини шаҳри Хуҷанд ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштанд ва дар беморхонаи марказии Хуҷанд бистарӣ шуданд," -- афзуд манбаъ. Аммо мусофирони дигар - марди 37-солаи сокини ноҳияи Қумсангир ва марди 29-солаи сокини ноҳияи Конибодом дар дарёи Фон ғарқ шуда, ба ҳалокат расидаанд. Мақомот мегӯянд, ҷустуҷӯи ҷасади марди 29-сола ҳанӯз идома дорад.

XS
SM
MD
LG