Пайвандҳои дастрасӣ

Тсарнаев ба маҳбаси Колорадо интиқол ёфт


Ҷавҳар Тсарнаев

Ҷавҳар Тсарнаев

Ҷавҳар Тсарнаев, муттаҳам дар бомбгузорӣ дар марафони шаҳри Бостон, ахиран ба маҳбаси низомаш шадид дар аёлати Колорадо интиқол дода шуд. Дар ин маҳбас беш аз 400 нафар, аз ҷумла, ҷинояткороне чун Закариё Мусавӣ, яке аз тарҳрезони ҳамлаҳои террористии 11 сентябр дар ИМА, нигаҳ дошта мешаванд.

Ҷавҳар Тсарнаев, шаҳрванди чеченитабори Амрико, ки дар Қирғизистон ба дунё омада, дар солҳои 90 ибтидо ба Доғистон ва сипас ҳамроҳ бо волидонаш ба ИМА муҳоҷират кардааст, ба қатли 3 нафар ва захмӣ кардани беш аз 260 нафари дигар дар дави марафонии шаҳри Бостон дар моҳи апрели соли 2013 айбдор мешавад.

Ба гуфтаи тафтишот, маҳз Ҷавҳар Тсарнаев ва бародари калонии ӯ Темурлан Тсарнаев бастаҳои маводи мунфаҷираро дар наздикии хатти марраи ин дави марафонӣ ҷобаҷо карда, дар байни издиҳоми зиёди тамошобинон тарконданд.

Ҳарду бомбгузор тавонистанд баъди таркиш фирор кунанд, вале мақомоти Амрико аллакай баъди чанд соат тавассути камераҳои назоратӣ тавонистанд симои ҳардуро мушаххас кунанд. Темурлан Тсарнаев баъди 4 рӯзи таъқиб дар ҷараёни амалиёти боздошт кушта шуд. Ҷавҳарро, ки дар он амалиёт ҷароҳатҳои сангин бардошта буд, рӯзи 20 апрел аз дохили қаиқе дар яке аз манзилҳои воқеъ дар канори Бостон пайдо ва дастгир карданд.

Ҷавҳар Тсарнаев рӯзи 24 июни соли равон ба гуноҳаш иқрор кард ва аз пайвандони қурбониёни ҳодиса маъзарат хост. Ҳамон рӯз ӯ расман маҳкум ба эъдом шуд.

Қарор аст, ки дар ниҳоят Тсарнаев дар зиндони маҳкумшудагон ба марг дар шаҳри Терре-Ҳоути аёлати Индиана интиқол ёфта он ҷо дар интизори охирин рӯзи зиндагияш бимонад.

XS
SM
MD
LG