Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хоманеӣ: Эрон мухолифи ИМА боқӣ мемонад


Оятулло Алии Хоманеӣ, раҳбари мазҳабии Эрон, изҳор намуд, ки бо вуҷуди ҳосил шудани созиши ҳастаӣ муносибати Теҳрон ба сиёсати “мағрурона”-и Амрико тағйир намеёбад. Дар паём ба мардум ба шарафи Иди Фитр рӯзи 18 июл Хоманеӣ гуфт, ки Эрон аз мухолифини сарсахти сиёсати ИМА дар Ховари Миёна боқӣ хоҳад монд.

Ҳайатҳои Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ (ИМА, Бритониё, Фаронса, Русия, Чин ва Олмон) дар музокироти ҳастаӣ рӯзи 14 июл роҷеъ ба барномаҳои ҳастаии Эрон дар Вена,пойтахти Австрия ба тавофуқ расиданд. Федерика Могеринӣ, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ба таври расмӣ эълон кард, ки ин созиш баъд аз бештар аз даҳ соли музокирот рӯзи 14 июл ба даст омадааст. Музокирот дар марҳилаи ниҳоӣ 18 рӯз давом дошт. Бар пояи ин созиш, Эрон ба ивази лағви таҳримҳои байнулмилалӣ барномаи ҳастаии худро коҳиш медиҳад.

Хоманеӣ, ки ҳаққи сухани ахир дар умури давлатии Эронро дорад, гуфт, ӯ аз сиёсатмадорон хостааст то созишро биомӯзанд ва бубинанд, ки дар он манфиатҳои милли Эрон то куҷо ба назар гирифта шудаанд. Раҳбари Эрон таъкид намуд, ки ӯ ба ҳеҷ ваҷҳ ба поймол шудани арзишҳои инқилоби исломӣ роҳ нахоҳад дод.

XS
SM
MD
LG