Пайвандҳои дастрасӣ

Суқути МН-17. Як фоҷиа, як ҳақиқат, вале достонҳои зиёд


Як ҷудоиталаби тарафдори Русия дар саҳнаи фалокат дар наздикии рустои Грабово дар минтақаи Донбас

Як ҷудоиталаби тарафдори Русия дар саҳнаи фалокат дар наздикии рустои Грабово дар минтақаи Донбас

Фарзияҳои гуногуни русӣ дар бораи суқути ҳавопаймои Малайзия, ки ҷони 289 нафарро гирифт, беасар мешаванд.

Ба матбуот расидани бахше аз таҳқиқот дар бораи суқути ҳавопаймои мусофирбари ширкати Малайзия дар шарқи Украина нишон медиҳад, ки ин ҳавопайморо ҷудоиталабон бо мушаке задаанд, ки Русия ба онҳо додааст. Ин таҳқиқот баръакси тамоми гузоришу иддаоҳоест, ки матбуоти Русия ва ҳукумати кишвар дар ин як сол дар бораи суқути ҳавопаймо паҳн кардааанд.

Бо гузашти як сол аз фалокати ҳавопаймои мусофирбари Малайзия, ки дар фазои Украина сарнагун шуд ва 298 нафарро кушт, ҷаҳониён мунтазири посухи муфаттишон ҳастанд, ки сабабҳои суқути ҳавопайморо бигуянд. Вале баъзе аз нукоти таҳқиқот, ки ба дасти матбуот расид, ангушти иттиҳомро ба суи ҷудоиталабони тарафдори Русия мекунад. Бино ба гузоришҳо, ҷудоиталабон бо истифода аз мушаки замин ба ҳавои Бук, ки Русия ба онҳо додааст, рӯзи 17-уми июл ҳавопаймои мусофирбари Малайзияро дар ҳавои софу беабри манотиқи таҳти контролашон зада нобуд карданд.

Дар сурати собит шудани ин хулосаҳо дар гузориши ниҳоии муфаттишон, ки қарор аст, моҳи октябр нашр шавад, иддаову тахминҳои зиёди Русия боз ҳам зери суол меравад. Ҳукумату матбуоти Русия ҳамвора фарзияҳои гуногунеро дар бораи суқути ҳавопаймо матраҳ кардаанд. Барои намуна пас аз як ҳафта аз суқути ҳавопаймои МH-17 вазорати дифои Русия иддао кард, ки артиши Украина аз мушаки Бук дар минтақа истифода мекунад.

Вазорат ҳамчунин гуфт, ки ҳавопаймои низомии СУ-25-и Украина ҳавопаймои мусофибарро думболагирӣ мекард. Аммо Киев гуфта буд, ки дар он минтақа ягон ҳавопаймои низомӣ ва чархбол надорад, зеро ҷудоиталабон онҳоро бо силоҳҳои русӣ сарнагун кардаанд. Фарзияи ҳавопаймои Су-25-ро телевизиони RT-и Русия дар як филми мустанад нашр кард. Баъди ин «гурӯҳе аз мутахассисони” беном дар гузорише рӯзи 14-уми июл гуфтанд, ки ҳавопаймои Малайзияро ҳавопаймои СУ-25-и Украина ва муҷаҳҳаз бо мушаки исроилии “Мори афъӣ” зада нобуд кардааст.

Дар мавриди дигар чанд соат баъд аз суқути ҳавопаймо шахсе бо номи Карлос, ки худро корманди бурҷи назорати ҳаракати ҳавопаймоҳо дар Киев муаррифӣ мекард, дар саҳифаи худ дар Твиттер аз парвози ду ҳавопаймои ҷангии Украина дар фазои минтақаи хабар дод. Сафорати Испания дар Украина гуфт, ки чунин одамеро намедонанд ва фурудгоҳе, ки Карлос худро корманди он муаррифӣ кард, гуфт, корманди испониёӣ надорад ва ягон хориҷиро ҳам барои кор дар бурҷи назоратӣ нагирифтааст. Саҳифаи Карлос баъдан аз Твиттер нопадид шуд, ҳарчанд матбуоти Русия пайваста онро иқтибос мекард.

Игор Стрелков, фармондеҳи собиқи шӯришиёни Украина ва шаҳрванди Русия, ки баъдан гуфт, афсари Хадамоти Федеролии Русия аст як рӯз баъд аз фоҷиаи ҳавопаймои МН-17 гуфт, ки ҷасадҳои сарнишинони ҳавопаймо “тоза” ва гарм набуд ва гӯё мусофирон чанд рӯз қабл мурда буданд. Владимир Жириновский, муовини раиси Думаи давлатӣ ва вакили миллатгарои рус ҳамин иддаоро дар сӯҳбат бо радиои Вестӣ кард ва гуфт, ки суқути ҳавопаймо “дасисаи Амрико аст, ки ҳама корро мекунад, то гуноҳро ба гардани Русия занад”. Ба қавли ӯ, ҷасадҳоро қаблан дар ҳавопаймо шинонда будаанд.

Назарияи дигаре, ки дар расонаҳои русӣ бозтоби густурдае пайдо кард, ин буд, ки артиши Украина ба ҳавопаймои мусофирбари Малайзия зарба задааст, чун фикр мекард, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар он ҳавопаймо аз Бразилия бармегардад. Русия ҳафтаҳои ахир чанд дафъа эълон кард, ки мухолифи таъсиси ҳаргуна додгоҳи байналмилалӣ барои таҳқиқи қазия ва ҷазо додани гунаҳкорони суқути ҳавопаймои мусофирбар аст. Аммо шавоҳиди аввалия нишон медиҳад, ки ҷудоиталабони таҳти ҳимояти Русия омили суқути ҳавопаймо будаанд.

Яке аз фармондеҳони ҷудоиталабон баъди муддати кӯтоҳе аз фалокат дар саҳифааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ таъриф кард, ки ҳавопаймоеро нобуд кардаанд, аммо баъдан ин навиштаро бардоштанд. Намунаи дигар нашри муколамаи як мақоми Русия ва ҷудоиталабон аст, ки доир ба пайдо кардани қуттии сиёҳи ҳавопаймои Малайзия сӯҳбат мекарданд. Ҳамчунин аксҳои моҳвораӣ нишон медиҳад, ки қабл аз суқут як мушакандози Бук-ро ба минтақаи наздик ба суқути ҳавопаймо мебаранд ва ҳамон шаб ба қаламрави Русия бармегардонанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG