Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷӯрабекро 150 000 рубл ҷарима бастанд


Додгоҳе дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия як шаҳрванди 37-солаи Тоҷикистонро барои 5 000 рубл пораи додааш ба корманди ФМС- Хадамоти федеролии муҳоҷират- 150 000 рубл ҷарима бастааст. Бино ба ҳукми додгоҳ, Ҷӯрабек Абдуллоев дар ивази 5000 рубл мехост аз муҷозот барои будубоши ғайриқонуниаш дар қаламрави Русия худро халос кунад. Тибқи қонунҳои Русия, муҳоҷирони хориҷӣ дар сурати ду муҷозоти маъмурӣ метавонанд мавриди ихроҷ (депортатсия) ваё берункунӣ (выдворение) аз қаламрави Русия қарор гирифта, ҳаққи бозгашт ба ин кишварро барои аз 3 то 5 сол аз даст бидиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, додгоҳи Тулаи Русия як шаҳрванди 42-солаи Тоҷикистонро барои қасди додани пора ба нозири пулис ба 1,5 соли зиндон маҳкум кардааст. гуфта мешавад, ин муҳоҷир рӯзи 6 май ба далели мастӣ ба пулис оварда шудааст ва барои худро халос кардан ба нозири минтақавӣ 500 рубл пешниҳод кардааст.

XS
SM
MD
LG