Пайвандҳои дастрасӣ

Фирори як тоҷик аз боздоштгоҳ дар Русия


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Ду шаҳрванди хориҷӣ ҳангоми интиқоли боздоштшудагон ба боздоштгоҳи ФМС- Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия дар шаҳри Саранск, пойтахти Ҷумҳури Мордовия фирор кардаанд. Яке аз онҳо аз Гурҷистон ва дувумӣ аз Тоҷикистон будаанд. Мақомоти Русия мегӯянд, шаҳрванди Гурҷистон аллакай боздошт шудааст, вале муҳоҷири тоҷик то кунун дар ҳоли фирор қарор дорад. Дар пайи фирори ин ду боздоштшуда ба сардори ФМС-и Мордовия ҳушдори расмӣ додаанд ва ӯро муваззаф кардаанд, ки гунаҳкоронро ҷазо бидиҳад. Гуфта мешавад, маъмурони ФМС боздоштшудаҳоро бидуни ҷалби маъмурони милиса аз додгоҳ ба боздоштгоҳ интиқол медоданд ва дуи онҳо аз ин фурсат истифода бурда, ба истилоҳ “канда” кардаанд.

XS
SM
MD
LG