Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Консули Русия дар Одесса нон грат шуд


Одесса
Одесса

Вазорати корҳои хориҷаи Украина кафили консули умумии Русия дар Одессаро шахси номатлуб эълон кард. Ин тасмим бо пешниҳоди Хадамоти амнияти Украина гирифта шудааст.

Дар торнамои Хадамоти амнияти Украина гуфта мешавад, ки ин дипломати Русия бо корҳое машғул будааст, ки бо фаъолияти дипломатии вай созгор набудааст ва он аҳдномаи Венаро дар бораи муносибатҳои консулӣ вайрон мекунад.

Дар бораи фаъолияти номатлуби ин дипломат ва номи вай дар хабар чизе гуфта намешавад.

Дар торнамои сафорати Русия дар Украина гуфта мешавад, ки иҷрокунандаи вазифаи консули Русия дар Одесса Валерий Шибеко будааст. Ин дипломат алакай қаламрави Украинаро тарк кардааст.

XS
SM
MD
LG