Пайвандҳои дастрасӣ

Олмон барои иҷозаи музокирот бо Юнон рай медиҳад


Намояндагони порламони Олмон 17 июл барои додани иҷозаи музокирот роҷеъ ба қарзи 86 миллиард евроӣ ( 94 миллиард доллар) ба Юнон рай хоҳанд дод.

Олмон бузургтарин кишвари қарздиҳандаи Юнон дар Иттиҳодияи Аврупо ба шумор меравад. Ба ҳамин далел райи порламон ё Бундестаги Олмон нисбат ба райи порламонҳои Фаронсаву Финланд муҳим ба шумор меравад. Порламонҳои ин ду кишвар алакай барои музокирот ризоят додаанд.

Шоми 16 июл мақомоти расмии Юнон гуфтанд, ки бонкҳои Юнон 20 июл боз хоҳанд шуд. Ин дар ҳолест, ки ин бонкҳо се ҳафта пеш баста шуда буданд.

Ба Юнон замонат дода шудааст, ки дар давоми се моҳи оянда 7 миллиард евро қарз дода мешавад. Ин қарз то замони ба тасвиб расидани қарзҳои нав иқтисоди Юнонро дар маҷрои дуруст нигоҳ медорад.

XS
SM
MD
LG