Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷон Керрӣ ба кишварҳои Халиҷи Форс меравад


Ҷон Керрӣ ва Ҷубейр дар Вашингтон

Ҷон Керрӣ ва Ҷубейр дар Вашингтон

Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико дар оғози моҳи август ба кишварҳои Халиҷи Форс сафар хоҳад кард ва ба онҳо дар бораи қарордоди ҳастаии Эрон мухтасар гузориш хоҳад дод. Вай саъй хоҳад кард, ки ҳарос дар минтақаро фурӯ нишонад.

Ҷон Керрӣ 16 июл дар Вашингтон бо Абдул Ҷубейр-вазири корҳои хориҷаи Арабистони Саъудӣ мулоқот кард. Ҷубейр баъд аз ин мулоқот гуфт, “мо умедворем, ки Эрон ин мувофиқатномаро барои беҳбуди вазъи иқтисодӣ ва беҳбуди зиндагии мардуми кишвараш истифода хоҳад кард, на барои ба даст овардани бартарӣ дар минтақа”.

Ҷубейр ҳушдор дод, ки агар Эрон мувофиқатномаи ҳастаиро барои бартарӣ дар минтақа истифода кунад, мо уҳдадор шудаем, ки ба он қотеъона мухолифат кунем.

XS
SM
MD
LG