Пайвандҳои дастрасӣ

5 кушта дар марзи Кашмир


Марзи Сиалкот. Акс аз бойгонӣ

Марзи Сиалкот. Акс аз бойгонӣ

Бино ба хабарҳо, дар як тирандозии байни Ҳинду Покистон дар вилояти баҳсии Кашмир 5 тан аз мардуми мулкӣ кушта шуданд. Покистон Ҳиндро ба тирандозии бидуни ягон таҳрики рӯзи 15 июл дар хатти марзи амалӣ дар минтақаи Сиалкот, ки боиси марги 4 мулкӣ ва ҷароҳат бардоштани 5 тани дигар шуд, айбдор кард. Ҳинд гуфт, аз тирандозии сарбозони Покистон дар минтақаи Паргвол як зан кушта ва сеи мулкии дигар захмӣ шуданд. Артиши Покистон ҳамчунин гуфт, як “ҳавопаймои бесарнишини ҷосусӣ”-и Ҳиндро дар Кашмир суқут додааст. Франс Пресс хабар дод, ки Покистон сафири Ҳиндро барои шунидани “эътирози шадид роҷеъ ба нақзи ҳарими ҳавоӣ” ба ҳузур хондааст. Бино ба хабарҳо, артиш ва нирӯҳои ҳавоии Ҳинд суқути ягон навъ василаи ҳавоияшон дар ҳудуди Покистонро рад мекунанд. Ҳинду Покистон пайваста якдигарро дар тирандозиҳои бесабаб дар марзи баҳсии Кашмир айбдор мекунанд.

XS
SM
MD
LG