Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ғарб Русияро барои амалкардҳояш дар Украина муҷозот кард, вале таъсираш ба дастархони идонаи хонаводаи Сабзагул Носирова расид, ки имсол хеле хоксорона ороста шудааст.

Ду духтари хонаводаи Сабзагул, як зани 62 солаи тоҷик кори худро дар Русия аз даст доданд ва ин паёмад дастархони идонаи онҳоро да муқоиса бо солҳои гузашта хоксоронатар кардааст. Ин зан шавҳару писар надорад ва даромади зиндагиаш аз ҳисоби ду духтари муҳоҷираш буд, ки яке ба Тоҷикистон ихроҷ шуд ва дигаре ҳоло дар Русия кор мекобад. Сабзагул солҳои қабл дар рӯзи ид барои даҳҳо меҳмон дар ду ҳуҷра дастархон оро медод ва барои ин саховатмандона то 2 ҳазор сомонӣ сарф мекард. Аммо имсол Сабзагул барои ороиши дастархони идона ҳамагӣ 500 дошт.

Сабзагул Носирова мегӯяд, ки духтарҳояш дигар дар Русия кор ёфта наметавонанд. "Русия берунашон мекунанд. Ҳуҷҷатгузориашонро гарон карданд. Зӯрашон намерасад. Онҳо ҳайронанд ва чӣ кор карданашонро намедонанд. Нархи патенташон вазнин шудааст. Пул равон карда наметавонанд. Ҳамон пули каме, ки равон мекунанд, танҳо барои хариди як линча орд мерасонаду бас"- мегӯяд Сабзагул Носирова.

Аксари хонаводаҳо дар Тоҷикистон ба мисли хонаводаи Сабзагул дар Русия муҳоҷир доранд ва харҷи зиндагиву тӯю мотамашон аз ҷайби муҳоҷирон аст. Зиёда аз 300 ҳазор муҳоҷири дигар ба мисли духтари Сабзагул иҷозаи вуруд ба қаламрави Русия надоранд ва аз манбаи аслии даромад маҳрум шудаанд. Сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Абдуллоҳи Қодирӣ мегӯяд, "дар ин давра 1529 нафар аз Федератсияи Россия берун ва 174 нафар маҷбуран берун, яъне депорт карда шуданд. Ҳамчунин аз гузаргоҳҳои сарҳадии Русия 1529 муҳоҷирони меҳнатӣ барои вайрон кардани қоидаҳои будубош бозпас гардонида шудаанд."

То як ду соли пеш муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба ватан то 4 миллиард доллар ворид мекарданд ва аз ин ҳисоб сатҳи зиндагӣ дар кишвар болотар мерафт. Ҳоло Русия, баъди бӯҳрони Украина ва таҳримҳои байналмилалӣ то рафт ба ботлоқи бӯҳрони иқтисодӣ ғутта мезанад ва ин вазъ интиқоли пули муҳоҷиронро ба Тоҷикистон то 40 дар сад коҳиш дод. Иқтисоддони тоҷик Собир Вазиров мегӯяд, "Бояд ҳукумати Тоҷикистон кишварҳои алтернативии Русияро пайдо кунад. Масалан дар Кореяи Ҷанубӣ шароити хуби корӣ ва маоши баланд аст. Агар масоили раводид осон карда шавад, ба нафъи шаҳрвандони мо мебошад."

Ҳукумати Тоҷикистон талош дорад, ки пеши роҳи бекории саросариро дар кишвар бигирад, аммо ин талошҳо то ҳол натиҷаи дилхоҳ надодаанд. Абдуллоҳи Қодирӣ мегӯяд, "дар 6 моҳи соли ҷорӣ тавассути ширкатҳои хориҷие, ки ба ҷалби қувваи корӣ машғул ҳастанд, шаҳрвандон ба кор таъмин карда шуданд ва бо фармони вазир Сумангул Тағойзода бояд ширкатҳои хориҷие, ки дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд, 90 дарсади кормандонашон аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон бошад."

Дар як соли ахир хонаводаҳои муҳоҷирони корӣ, ки аз маблағҳои мардикорон хона месохтанд, акнун ин пулҳоро танҳо барои харидории ғизо сарф мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG