Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо ба Юнон боз дасти ёрӣ дароз мекунад


Эътирози зидди барномаи нави ҳукумат дар пойтахти Юнон. 15 июл
Эътирози зидди барномаи нави ҳукумат дар пойтахти Юнон. 15 июл

Вазирони молияи минтақаи евро ҷиҳати роҳандозии музокироти расмӣ бо Юнони қарззада тавофуқ карданд. Нишасти рӯзи 16 июли минтақаи евро як рӯз баъд аз тасвиби барномаи ислоҳоти шадиди иқтисодӣ аз сӯи парлумони Юнон аст. Тасвиби ин барнома шарти раҳбарони Аврупо дар мавриди бозгашт ба кумаки нави иборат аз 86 миллиард евро ба Юнон буд. Вазирони минтақаи евро ҳамчунин ҷиҳати ироаи 7 миллиард евро қарз аз сандуқи ИА ба Юнон ризоият доданд. Бонки марказии Аврупо низ қарор кардааст, ҳаҷми кумакҳояш ба бонкҳои Юнонро то 900 миллион евро дар ҳар ҳафта биафзояд. Бонкҳои Юнон аз 29 июн баста буда, муштариён дар як рӯз аз бонк танҳо 60 евро метавонанд бигиранд.

XS
SM
MD
LG