Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳавопаймои Малайзияро дар Украина кӣ суқут дод?


Ёдгорие дар маҳалли суқути ҳавопаймо

Ёдгорие дар маҳалли суқути ҳавопаймо

Бино ба гузориши телевизиони амрикоии CNN, пешнависи гузориши таҳқиқотии Шӯрои амнияти парвозҳои Ҳолланд ҷудоиталабони тарафдори Русияро дар суқути як сол пеши ҳавопаймои “Boeing 777”-и ширкати “Malaysia Airlines” дар шарқи Украина айбдор мекунад. Тарҳи махфии ин гузориш рӯзи 2 июн ба оҷонсиҳо ва дигар ниҳодҳои сабтшуда дар тими муштараки таҳқиқотии таҳти раҳбарии Ҳолланд дар Австралия, Малайзия, русия, Украина ва Амрико ироа шудааст. Онҳо бояд то 1 август назари худро ба ин гузориш ироа кунанд. Гузориши ниҳоии Шӯрои амнияти парвозҳои Ҳолланд, интизор меравад, моҳи октябр нашр шавад. Ҳавопаймои “Malaysia Airlines”, ки аз Амстердам ба Куала-Лумпур парвоз мекард, рӯзи 17 июли соли 2014 дар яке аз минтақаҳои ҷангзадаи вилояти Донетск зада шуд. Ҳамаи 298 сарнишини ин ҳавопаймо ҳалок шуданд. Ҷузъиёти гузориши Ҳолландро CNN рӯзи 16 июл, дар арафаи солгарди суқути ҳавопаймо нашр кард. Ба гуфтаи 2 манбаъ, муфаттишони ҳолландӣ ба хулосае расидаанд, ки ин ҳавопайморо бо мушаки русии замин ба ҳавои “Бук”, ки аз қаламрави як рустои таҳти назорати ҷудоиталабон партоб шуда буд, суқут додаанд. Ширкати Малайзия низ ба он айбдор шудааст, ки бо вуҷуди хатарҳо парвозашро аз тариқи ҳарими ҳавоии Украина анҷом додааст.

XS
SM
MD
LG