Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мӯҳсин Муҳаммадиев истеъфо дод


Мӯҳсин Муҳаммадиев аз мақоми сармураббии тими футболи Тоҷикистон истеъфо додааст. Дар ин бора сомонаи Федеросиюни футболи Тоҷикистон рӯзи 16 июл хабар дод. Мӯҳсин Муҳаммадиев, бино ба ин манбаъ, дар шарҳи истеъфояш гуфтааст, “баъд аз оғози нокоми тими миллии мо дар давраи интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018, ки мо дар ду бозӣ ҳамагӣ як имтиёз гирифтем, ман тасмим гирифтам, ки истеъфо диҳам.” Муҳаммадиеви 51-сола бо изҳори таассуф аз нокомиҳои тими миллӣ гуфтааст, “ман тамоми масъулият барои чунин натиҷаро ба дӯши худ мегирам.”

Мӯҳсин Муҳаммадиев, ҳамлагари дар гузашта хушноми тимҳои “Помир”-и Душанбе ва “Спартак”-и Маскав дар соли 2013 сармураббии тими миллии Тоҷикистон таъин шуда буд.

Дар охирин рейтинги ФИФА, ки рӯзи 9 июл нашр шуд, Тоҷикистон ба далели нокомиҳои тими миллиаш 9 зина пойинтар рафта, дар байни 209 кишвар дар мақоми 148-ум қарор гирифт.

XS
SM
MD
LG