Пайвандҳои дастрасӣ

Рушди иқтисоди Тоҷикистон кундтар шудааст


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Суръати рушди иқтисоди Тоҷикистон имсол каме кунд шудааст. Бино ба омори расмии Оҷонсии омори Тоҷикистон, маҷмӯи маҳсулоти дохилии ин кишвар дар 6 моҳи аввали соли 2015 ҳудудан 19 миллиарду 158 миллион сомониро ташкил дод, ки бо қурби расмии Бонки миллӣ баробари чизе бештар аз 3 миллиард доллар аст. Суръати рушди иқтисоди кишвар дар нимаи аввали сол 6,4 дарсад шудааст, ки назар ба 6,7 дарсад рушди нимаи аввали соли гузашта 0,3 дарсад камтар аст. Тибқи дурнамо, маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон бояд дар соли ҷорӣ ба 47 миллиард сомонӣ ва суръати рушди иқтисод ба 7,6 дарсад бирасад. Аммо натиҷаҳои нимсолаи аввал иҷрои ин дурнаморо мушкилтар мекунад. Иқтисоддонҳо кунд шудани суръати рушди иқтисоди Тоҷикистонро ба омилҳое, чун таъсири пасрафти иқтисоди Русия бастагӣ медиҳанд.

XS
SM
MD
LG