Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина ба Донбасс мухторият медиҳад


 Петро Порошенко
Петро Порошенко

Раисиҷумҳури Украина Петро Порошенко тарҳи тағйирот ба Қонуни асосиро, ки ба вилоятҳои ҷанубушарқи ин кишвар мухторият медиҳад, ба парлумон ироа кард. Сомонаи парлумони Украина менависад, ин тағйирот ба як бахши Қонуни асосӣ дар бораи мақоми вижаи вилоятҳои Донетску Луҳанск илова хоҳад шуд. Нашрияи “Украинская правда” рӯзи 16 июл хабар дод, ки Порошенко дар пайи сафари дирӯзаи ёвари вазири хориҷаи Амрико Виктория Нуланд ҷиҳати ироаи ин бастаи тағйирот ба Қонуни асосӣ тасмим гирифтааст. Амрико ва сарони Фаронсаву Олмон аз Порошенко даъват мекарданд, то шурути қарордоди оташбаси Минскро, ки ироаи мухторияти бештар ба минтақаи Донбассро ҳам дар назар дошт, иҷро кунад. Русия пайваста тӯл додани иҷрои ваъдаи мухторият ба вилоятҳои Донетску Луҳанскро ҳамчун мониа дар роҳи сулҳ дар шарқи ҷангзадаи Украина унвон мекард. Дар Донетску Луҳанск ҷудоихоҳони таҳти ҳимояти Русия алайҳи нирӯҳои давлатии Украина меҷанганд. Порошенко рӯзи 1 июл тағйиротеро дар бораи десентрализатсияи қудрат тасвиб кард, вале он мақоми вижаи Донбассро дар бар намегирифт. Муовини раиси парлумон Оксана Сироед рӯзи 16 июл дар саҳифааш даор Фейсбук навишт, вакилони парлумони Украина аз сӯи “ҷомиаи ҷаҳонӣ” ҷиҳати тазмини мухторият ба Донбасс ба хотири “намоиши иҷрои тавофуқоти Минск” эҳсоси “фишори шадид” мекунанд.

XS
SM
MD
LG