Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон мардуми кишварро ба муносибати Иди Фитр табрик намуд. Дар ин паём Эмомалӣ Раҳмон зимни қадрдонӣ аз ин суннати мардуми мусалмон, сокинонро ба дасти ёрӣ дароз кардан ба муҳтоҷон, хурсанд кардани ятимону маъюбон, кӯмак кардан ба дармондагон ва баровардани ҳоҷати ниёзмандон даъват кард.

Оқои Раҳмон аз ҷумла гуфт, ки "таълимоти дини мубини ислом саршор аз ғояҳои башардӯстиву инсонпарварӣ, аз ҷумла ҳусни муошират бо аҳли хонадон, самимияту муҳаббат ба наздикону хешу таборон, муомилаи нек бо ҳамсояҳову атрофиён, риояи аҳди бародариву мурувват бо дӯстону ҳамкорон, раҳму шафқат ба беморон ва ятимону маъюбон, ёриву ғамхорӣ ба дармондагону камбизоатон ва пос доштани хотири гузаштагон мебошад."

Дар қисмате аз паёми идонаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба вазъи ҳассоси ҷаҳони муосир ишора шуда ва аз ҷавонони тоҷик тақозо намуд, ки "ҳақро аз ботил ҷудо кардан сайъу талош намоянд, яъне ҳамеша ҳушёру зирак бошанд, роҳи дурусти зиндагиро пеш гиранд, ба омӯзиши илму маърифат кӯшиш карда, аз ҳар гуна амалҳои зишту зиёновар худдорӣ намоянд, ба қадри калонсолон расанд ва бо заҳмати софдилона ватани худро ободу пешрафта гардонанд."

Иди Фитр дар Тоҷикистон дар таърихи 17 июл баргузор мешавад. Имсол сокинони мусулмони Тоҷикистонро моҳи Рамазонро 18 июн сар карданд ва Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ гуфта буд, ки Рамазони имсола аз 29 рӯз иборат хоҳад буд. Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, низ 9 июл зимни нишасти матбуотӣ дар мавриди моҳи шарифи Рамазон гуфт, ки тибқи ҳисобҳои олимони Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, моҳи Рамазон имсол 29 рӯз аст.

XS
SM
MD
LG