Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як сарбози маҷрӯҳи рус даргузашт


Теъдоди қурбониёни фурӯрезии як бахш аз боми казармаи ҳарбӣ дар шаҳраки Светлий, воқеъ дар канори шаҳри Омски Русия, то 24 нафар афзоиш ёфт – боз як сарбози ҷароҳатбардошта дар бемористон аз олам даргузашт.

Дафтари матбуоти вазорати дифои Русия рӯзи душанбе хабар дод , ки ҳамаи 42 низомӣ аз зери харобаҳо берун оварда шуданд.

Фоҷиа рӯзи якшанбе рӯй дод – яке аз қисматҳои бинои чаҳорошёнаи казармаи маркази таълимии Нерӯҳои десантии Русия дар шаҳраки Светлий фурӯ рехт. Ҳангоми ҳодиса дар казарма 337 сарбоз ҳузур доштанд.

XS
SM
MD
LG