Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Тоҷикэйр" сабаби лағви парвозро мушкили фаннӣ гуфт


Ширкати ҳавопаймоии "Тоҷикэйр" сабаби лағви парвози хатсайри Душанбе-Бишкек дар рӯзи 15-уми июлро ба мушкили фаннӣ рабт дод. Ҳудуди 40 мусофир субҳи имрӯз дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бинобар лағви ин парвоз, овора ва сарсон шуданд. Як масъули ин ширкат гуфт, ки парвоз бинобар мушкили техникии ҳавопаймо сурат нагирифт ва имкон дорад баъди ду рӯз амалӣ шавад.

Мунаввар Муллочаев, масъули Дафтари матуботи ширкати ҳавопаймоии “Тоҷикэйр” рӯзи 15 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки баъди лағви парвоз, маблағи билети ҳавопайморо, ки баробар ба 100 евро мебошад, ба мусофирон баргардонидаанд. Ӯ гуфт, аз шумори мусофирон, 11 нафаре, ки билетҳои худро пас надоданд, фардо бо хатсайри Душанбе-Алмато интиқол дода шуда ва аз онҷо тариқи автобус ба Бишкек оварда мешаванд. Вай афзуд, ки хароҷоти ин мусофирон ба шумули хӯрок ва ҷои хоб, ба дӯши ширкат хоҳад буд.

Ӯ дар посух ба ин суол, ки чаро ширкат ҳавоипаймои дигарро барои интиқоли мусофирони ҷудо накард, гуфт, ки дар ширкат шумораи ками ҳавопаймоҳои коршоям вуҷуд дорад ва аз ин рӯ барои ҷудо намудани ҳавопаймои дигар шароит надоранд.

Яке аз мусофироне, ки барои табобат ба Бишкек мерафт ва овораву сарсон шудааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар фурудгоҳ намояндагони ширкати “Тоҷикэйр” бо пеш омадани мушкили техникӣ ба назди мусофирон саривақт наомаданд ва аз пеш омадани чунин шароит онҳоро огаҳ накарданд.

Коргардони маъруфи кинои тоҷик Сафарбек Солиев, масъули Бахши равобити хориҷии Барномаи Рушди СММ ба Радиои Озодӣ гуфт, тибқи ҷадвал парвоз бояд соати ёздаҳ сурат мегирифт. Вале ба гуфтаи вай, ҳар дафъа, ки аз намояндагони хадамоти фурудгоҳ дар бораи парвози ҳавопаймо суол мекарданд, посух дарёфт мекарданд, ки парвоз 15 дақиқа баъд сурат мегиранд ва дар ниҳоят соати 12 ба онҳо иттилоъ доданд, ки парвоз лағв шудааст. Вай гуфт, даҳҳо шаҳрвандони Қирғизистону Русия ҳамроҳ бо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки қасди парвоз ба Бишкекро доштанд, сарсону овора шуданд.

XS
SM
MD
LG