Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Истиқболи Мулло Умар аз музокирот бо Кобул


Млло Умар

Млло Умар

Раҳбари ҷунбиши “Толибон” Мулло Умар музокироти сулҳ бо ҳукумати Кобулро “қонунӣ” номид ва аз он истиқбол кард. Дар изҳороте, ки рӯзи 15 июл, дар арафаи Иди Фитр, нашр шуд, Мулло Умар гуфтааст, дар дастурҳои дини мо мулоқот ва ҳатто ҳамкории мусолиматомез бо душманон манъ нашудааст. Раҳбари “Толибон” афзуд, ки ҳадаф аз музокирот хотима бахшидан ба ғасби Афғонистон аз сӯи нерӯҳои хориҷист.

Рӯзи 7 июл дар шаҳри Исломобод ҳайатҳои ҳукумати Афғонистон ва “Толибон” бори нахуст расман мулоқот карданд ва ба натиҷае расиданд, ки музокиротро ба хотири дастёбӣ ба тавофуқ ва сулҳи дутарафаидома медиҳанд. Ба иттилои вазорати умури хориҷии Покистон, ҳарду ҷониб ба созиш расиданд, ки бояд барои расидан ба сулҳ то охири ин ҷараёнҳо тавофуқ ва ӯҳдадории тамомро ба намоиш мегузоранд.

Дар музокирот Ҳикмат Халил Карзай, муовини вазири умури хориҷаи Афғонистон ва намояндаи Толибон Мулло Ҷалил ширкат доштанд.

“Толибон” ва дигар гурӯҳҳои тундрав баъд аз хурӯҷи нерӯҳои байнулмилалӣ аз Афғонистон дар поёни соли гузашта ҳамлаҳоро болои нерӯҳои амниятӣ ва мақомоти давлатӣ афзоиш доданд.

XS
SM
MD
LG